
24 ноябр дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони вилоятро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Қайд карда шуд, ки парчамдорӣ ҷузъи муҳими фарҳанги давлатдории халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, Парчами давлатӣ баёнгари мавҷудияти миллат ва давлат, соҳиби тамаддун ва таърихи бостонӣ будани миллати мост.
Махсусан, дар даврони нави таърихӣ Парчами давлатии мо ба рамзи ҳастии миллат, садоқат ба арзишҳои муқаддаси Ватану ватандорӣ, ҳимояи марзу буми он ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат мубаддал гардидааст.
Дар даврони истиқлоли давлатӣ мо- сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти раҳнамоиҳои дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зери парафшонии Парчами давлатӣ бо эътимоди қавӣ ва қадамҳои устувор ба сӯйи музаффариятҳо пеш рафта истодаем.
Маҳз дар даврони истиқлоли давлатии Тоҷикистон Парчами давлатиамон дар баробари парчамҳои давлатии кишварҳои мухталифи дунё дар созмонҳои бузурги байналмилалӣ парафшон гардида, ҳувияти миллӣ ва мавҷудияти халқи куҳанбунёдамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Сокинони кишвари азизамон аз он ифтихор доранд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони маҳбуби моро дар арсаи байналмилалӣ таҳти парафшонии Парчами давлатӣ ҳамчун кишвари соҳибибтикор, сулҳдӯст ва пешбари ташаббусҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз, яке аз вазифаҳои пуршараф ва қарзи виҷдониву инсонии мо он аст, ки дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ ба Парчами давлатӣ эҳтиром гузорем ва аз он ифтихор намоем.
Дар охир барномаи пурмӯҳтавои фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




