Шиносоии Раиси вилояти Суғд бо ҷараёни корҳои навсозӣ дар меҳмонхонаи “Хуҷанд”

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон бо рафти корҳои навсозӣ ва таҷдиди меҳмонхонаи “Хуҷанд” шинос гардид.

Меҳмонхонаи “Хуҷанд” аз 14 ошёна иборат буда, барои қабули то 300 нафар меҳмон дар як вақт пешбинӣ шудааст. Иншоот бо тарҳи муосир таҷдид гардида, ҳуҷраҳо, утоқҳои корӣ ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ навсозӣ мешаванд.

Ҳамзамон, бунёди як қатор иншооти хизматрасонӣ, аз ҷумла тарабхона, маҷлисгоҳ (конфронс-зал) барои баргузории ҳамоишҳо ва чорабиниҳо, ҳавзҳои шиноварии болопӯшида ва мавсимӣ, амфитеатр, ҳаммом ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст. Амалӣ гардидани ин тарҳ имконият медиҳад, ки меҳмонхона бо сифати баланд ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ хизмат расонад.

Фармоишгари корҳо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буда, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва истифодаи масолеҳи баландсифат идома дорад.

Ҳадафи асосии навсозӣ — мутобиқсозии инфрасохтори меҳмонхона ба талаботи муосир ва беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ба меҳмонон мебошад.

Сипас, Раиси вилоят дар шаҳри Бӯстон аз ҳоли собиқадорони меҳнат Абдуманнон Шарифов ва Зариф Шарифов хабар гирифта, ба онҳо кумакҳои моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд