
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Бӯстон бо рафти бунёди як қатор корхонаҳои бузурги саноатӣ шинос гардид.
Зимни боздид аз ҶДММ «Фаровон» ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки масъулони корхона бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доираи фаъолиятро васеъ намуда, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол, номгӯи маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Бино ба маълумоти мутахассисон иқтидори истеҳсолии корхонаи нави равғанбарорӣ то 200 тонна равған дар як шабонарӯз буда, он метавонад то 50 дарсади талаботи бозори дохилиро бо ин намуди маҳсулот таъмин намояд.
Соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони ватанӣ талош доранд, ки дар рушди саноати кишвар ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввал саҳми бештар гузоранд.
Масъулони ҶДММ «Фатир Агро» низ корхонаи нави ордбарорӣ бунёд намуда истодаанд, ки иқтидори истеҳсолии он то 1000 тонна орд дар як шабонарӯз аст. Технологияҳои насбшаванда истеҳсоли Туркия буда, дар ҷумҳурӣ камназир ба ҳисоб мераванд. Барои нигаҳдории маҳсулот анбори калоне бо ғунҷоиши 40 ҳазор тонна сохта шудааст. Дар сурати ба фаъолият оғоз кардани ин корхона, то 250 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Дар ҳудуди шаҳри Бӯстон аз ҷониби ҶДММ «Анқо инвест» дар масоҳати 3 гектар корхонаҳои муосири забҳи мурғ, коркард ва бастубандии гӯшти мурғ бунёд шуда истодаанд. Дар корхона технологияҳо аз Чин, Шветсария ва Русия оварда мешавад . Тибқи иттилои масъулон дар корхона тамоми марҳилаҳои истеҳсол — аз барориши чӯҷа то парвариш ва коркарди гӯшти мурғ ба роҳ монда мешавад. Бо ба истифода додани ин комплекси саноатӣ то 200 ҷойи корӣ таъсис дода хоҳад шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иқдоми соҳибкоронро дастгирӣ намуда, онро намунаи ибрат ва пайравӣ арзёбӣ кард.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво, паранда ва моҳӣ бунёд мешавад. Айни замон корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд ва пас аз ба истифода додани корхона, дар он то 14 навъ хӯроки омехта истеҳсол хоҳад шуд.
Раиси вилоят барои татбиқи пурраи лоиҳаҳо ва сари вақт ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ ба масъулин супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




