Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Хуҷанд

Дар вилояти Суғд ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, бунёди корхонаҳои нав ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатӣ шинос гардид. Зимни боздид таъкид шуд, ки фаъолияти босамари корхонаҳо ба таъмини ҷойҳои нави корӣ, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ ва таҳкими иқтидори содиротии минтақа мусоидат мекунад.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ситораи тоҷ» дӯхти либосҳои махсуси корӣ ба роҳ монда шуда, маҳсулоти корхона ба хориҷи кишвар содирот мегардад. Дар ин корхона беш аз 1000 нафар бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин буда, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъсиси боз 500 ҷойи нави корӣ дар назар аст. Соли 2024 корхона ба маблағи беш аз 10 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, имсол ният дорад ҳаҷми истеҳсолотро боз ҳам зиёд намояд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лидер» бошад, мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ шимҳои ҷинс бо бренди «Ҷадид» истеҳсол карда мешаванд, ки 99 фоизи таркиби он аз пахта иборат аст. Дар корхона 80 нафар занону духтарон бо истифода аз дастгоҳҳои муосир фаъолият доранд.

Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳо зарурати бунёди чунин сехҳои дӯзандагиро таъкид намуда, масъулинро вазифадор кард, ки ба рушди истеҳсолот ва содироти маҳсулоти ватанӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Ҳамзамон, зимни боздид аз корхонаи пойафзолдӯзии шаҳри Хуҷанд, ки солҳои қаблӣ шӯҳрати баланд дошт, Раиси вилоят ба соҳибмулкон ва масъулин дастур дод, ки барои эҳё ва ба роҳ мондани фаъолияти корхона чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар ҳамин замина, фаъолияти назарраси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Раҳимов» низ зикр гардид. Корхона дар истеҳсоли либосҳои варзишӣ, аз ҷумла кимано, муваффақ буда, солона то 200 ҳазор адад маҳсулот истеҳсол мекунад. Маҳсулот аз пахтаи табиӣ таҳия гардида, асосан барои содирот пешбинӣ шудааст.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фирӯз» низ навъҳои гуногуни либосҳои варзишӣ истеҳсол гардида, соли 2024 зиёда аз 30 ҳазор адад маҳсулот тайёр шудааст. Маҳсулоти корхона ба кишварҳои хориҷ, аз ҷумла Россия, Лаҳистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон содирот мешавад.

Бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол ба сол меафзояд. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят то ҳадди ниҳоӣ коркард намудани ашёи хом, махсусан пахтаро, яке аз самтҳои афзалиятнок мешуморад ва иқдомҳои неки соҳибкоронро дар ин ҷода пайваста дастгирӣ менамояд. Зеро рушди соҳаи саноат, истифодаи самараноки иқтидорҳо ва татбиқи лоиҳаҳои нав ба таҳкими иқтидори иқтисодии вилоят ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд