
4 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи "Ҷавонӣ" шинос гардид.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷавонӣ” тамоми марҳилаҳои истеҳсол, аз ресандагӣ то дӯзандагӣ ва тамғагузориву омодасозии маҳсулот ба таври муосир ба роҳ монда шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки аз оғози фаъолияти корхона то имрӯз наздик ба 60 миллион евро сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст.
“Ҷавонӣ”, ки яке аз бузургтарин корхонаҳои саноатии вилоят ба ҳисоб меравад, ҳоло 800 корманд дорад ва 98 дарсади маҳсулоти он ба Аврупо содирот мешавад.
Дар корхона ресандагӣ, бофандагӣ, пардоздиҳӣ, рангубордиҳӣ, дӯзандагӣ ва дарзмол пурра ба роҳ монда шудааст. Ришта бо истифода аз дастгоҳҳои наву муосир истеҳсол шуда, истеҳсоли матоъ бо технологияи замонавӣ сурат мегирад. Дар раванди истеҳсол бештар аз 900 намуди дизайн истифода мешавад, ки мутобиқи талаботи бозори ҷаҳонӣ ҳамасола нав мегардад.
Ба таъкиди масъулин, маҳсулоти “Ҷавонӣ” аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад. Аз ин рӯ, зиёда аз 25 сол аст, ки маҳсулоти корхона бо тамғаи “Made in Tajikistan” дар бозорҳои Аврупо харидорони худро дорад.
Тавре масъулин иттилоъ медиҳанд, бо мақсади баланд бардоштани сифати маҳсулот ва беҳтар намудани шароити истеҳсолӣ ҳамасола дастгоҳу таҷҳизоти нав ворид ва насб мегардад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода саҳми корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла ҶДММ “Ҷавонӣ”-ро дар рушди иқтисоди вилоят муҳим арзёбӣ намуда, дастур дод, ки бо истифода аз шароити фароҳамгардида ва дастгириҳои давлат ҳаҷми истеҳсолот ва номгӯи маҳсулот боз ҳам афзоиш дода шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




