Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо раванди корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд шинос гардид

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти бунёдшаванда шинос гардид. 

Зимни шиносоӣ таъкид шуд, ки тибқи супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Сир меҳмонхонаҳои наву замонавӣ, тарабхонаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ сохта мешаванд, ки ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат мекунанд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо соҳибкорон ва мутахассисони соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ тавсия дод, ки лоиҳаҳои нав бо риояи талаботи замон амалӣ гарданд ва барои қабули сайёҳону меҳмонон шароити муносиб фароҳам оварда шавад.

Дар доираи бунёдкориҳо айни замон сохтмони маҷмааи муосири "Азим плаза" оғоз ёфтааст, ки дар баробари меҳмонхона ва тарабхонаҳо, инчунин мактаби махсуси бокс дар қабати якуми бинои баландошёна ҷой дода мешавад. 

Ҳамзамон дар соҳили дарёи Сир корҳои ободониву созандагӣ идома доранд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят корҳои сохтмонии роҳрави канори Сирдарё аз пули асосии шаҳр то Боғи Ғалаба идома дорад. Раиси вилоят ба масъулин супориш дод, ки иҷрои лоиҳа бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонда шавад.

Инчунин дар маркази шаҳр сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ оғоз ёфтааст, ки бо тарҳи нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд мешавад. Ин гузаргоҳ на танҳо ҳаракати пиёдагардонро осон мекунад, балки ба бехатарии онҳо низ мусоидат хоҳад кард.

Бо саҳми ширкатҳои сохтмонӣ дар Хуҷанд биноҳои баландошёна бунёд мегарданд, ки ҳамзамон бо таъмини шаҳрвандон бо манзили зист ҷойҳои нави корӣ низ фароҳам меоянд. Масъулини ширкатҳои сохтмонӣ изҳор доштанд, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоотҳои навро пурра ба истифода медиҳанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд