
Бо иштироки Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода ва сокинони маҳаллаи “Раззоқ” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и шаҳри Хуҷанд майдончаи нави варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Майдончаи мазкур дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Федератсияи футболи вилояти Суғд, саҳми соҳибкорони ватанӣ ва дастгирии волидайн бунёд ёфтааст. Масоҳати он 550 метри мураббаъ буда, тибқи талаботи меъёрҳои муосири сохтмонӣ сохта шудааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ташаббуси наҷиби соҳибкорони ватанӣ ва саҳми волидон баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонону наврасон ба машқҳои варзишӣ вазифаи муҳим ва омили асосии рушди ҷомеаи солим ба ҳисоб меравад.
Раиси вилоят ҷавононро даъват намуд, то аз имкониятҳои фароҳамгардида самаранок истифода намуда, дар рушди намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла футбол, саҳмгузор бошанд.
Қайд гардид, ки варзиш ҳамчун рамзи сулҳу дӯстӣ, ваҳдат ва тавоноии миллат ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлат ва ҷомеа қарор дорад. Варзиш инсонро ба ирода, ҳамбастагӣ ва ҳаёти солим ҳидоят намуда, воситаи муҳими тарбияи насли наврас ба ҳисоб меравад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




