
1 ноябри соли 2025 машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар машварат масъалаҳои ҷамъоварии ҳосили пахта ва бунёди иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи иттилооти пешниҳодшуда дар вилояти Суғд соли ҷорӣ истеҳсоли 131 ҳазору 300 тонна пахта пешбинӣ гардида, то санаи 1 ноябр 105 ҳазору 530 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 80,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода зимни таҳлили вазъи соҳаҳо таваҷҷуҳи роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдорро ба таъмини иҷрои саривақтии нақшаи кишти тирамоҳӣ, ҷамъоварии пурраи ҳосили пахта, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ, тақвияти корҳои кабудизоркунӣ, бунёди боғу токзорҳо ва инчунин бунёди иншооти ҷашнӣ ҷалб намуд.
Ҳамзамон, ба масъулон ҷиҳати рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ, иҷрои нақшаи андозҳо, зиёд намудани хатсайрҳо дар фурудгоҳ ва вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




