Ба бонувони ҳунарманд грантҳои Раиси вилояти Суғд супорида шуд

3 ноябр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими супоридани грантҳои Раиси вилояти Суғд ба бонувони ҳунарманд баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат иброз дошт, ки бо ҳидояту раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зан — модар дар ҷомеаи муосир мавқеи баландро соҳиб буда, бонувони тоҷик ҳамқадами замон мебошанд ва рисолати худро сарбаландона иҷро мекунанд.

Таъкид шуд, ки миллати тоҷик дорои ҳунарҳои нодири мардумист, ки дар тӯли таърих бо заҳмати ҳунармандон рушд ёфтааст. Бо мақсади дастгирии ҳунарҳои мардумӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарореро қабул кардааст, ки тибқи он ҳар сол 15 миллион сомонӣ ва 200 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занони соҳибкор ҷудо карда мешавад. Соли 2025 аз вилояти Суғд 39 нафар бонуи фаъол бо пешниҳоди лоиҳаҳои худ соҳиби грантҳои президентӣ гардиданд.

Дар сатҳи вилоят низ бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дастгирии бонувони ҳунарманд 60 гранти Раиси вилоят дар ҳаҷмҳои гуногун (аз 5000 то 10000 сомонӣ) таъсис дода шудааст. Ба комиссияи грантҳои Раиси вилояти Суғд имсол 105 лоиҳа пешниҳод гардида, беҳтаринҳо барои дастгирӣ интихоб шуданд.

Бо татбиқи лоиҳаҳо зиёда аз 650 нафар занону духтарон бо омӯзиш ва фаъолияти меҳнатӣ фаро гирифта мешаванд. Бонувони ҳунарманд ният доранд, ки бо истифода аз маблағи грантӣ доираи фаъолияти коргоҳҳои худро васеъ намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд.

Раиси вилоят зикр намуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат ҳунарҳои мардумӣ дар Суғд рушд ёфтаанд. Айни замон дар вилоят 288 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ, аз ҷумла 108 маркази атласу адрасбофӣ фаъолият доранд. Дар ин марказҳо беш аз 30 ҳазор занону духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ машғуланд.

Сипас, ба 60 нафар бонуи ҳунарманд грантҳои Раиси вилояти Суғд супурда шуд. Изҳори умед карда шуд, ки бонувони ҳунарманду соҳибкор барои беҳдошти сатҳи зиндагӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд