Дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома доранд

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои бунёдкориву созандагӣ бо маром идома дорад.

Яке аз иншооти муҳими ҷашнӣ маҷмааи варзишии “Суғд-Арена” мебошад, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта мешавад.

Дар маҷмаа толорҳои муосир барои намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла бокс, гуштингирӣ, тэквандо, гимнастикаи бадеӣ, тенис, шашкаву шоҳмот, инчунин толорҳои бузург барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бунёд мегарданд. Ҳамзамон, таъсиси толори фитнес, маркази барқарорсозӣ, ошхона, мағозаҳои фурӯши лавозимоти варзишӣ ва марказҳои омӯзишӣ барои мураббиён дар назар аст.

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани “Суғд-Арена” то 1000 нафар метавонанд дар як вақт машқу тамрин намоянд ва даҳҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дигар иншооти ҷашнӣ — Боғи фарҳангию фароғатии “Ғалаба” мебошад, ки бо тарҳу ороиши нав мутобиқ ба талаботи замони муосир таҷдид мегардад. Боғ дар соҳили дарёи Сир ҷойгир буда, беш аз 6 гектар масоҳат дорад. Дар доираи корҳои навсозӣ фаввораҳои замонавӣ, чархофалак ва аттраксионҳо барои кӯдакон, роҳравҳои сафолакпӯш, катҳои истироҳатӣ, чароғҳои равшанидиҳанда ва гулгаштҳои зебо бунёд мешаванд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз ҷараёни сохтмон ба масъулин дастур дод, то иҷрои корҳо бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраршуда анҷом ёбанд.

Ҳамзамон, Раиси вилоят дар соҳили рости дарёи Сир бо раванди бунёди роҳрави шафати дарё шинос гардид. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд роҳрави соҳил аз пули асосӣ то пули «Ҷашнӣ» ба масофаи 2 километр ва паҳноии 8 метр таҷдид шуда, ба минтақаи истироҳатӣ табдил дода шуд. Дар ин мавзеъ таҷҳизоти варзишӣ, нишастгоҳҳо ва ҷойҳои фароғатӣ насб гардид, ки ҳамарӯза садҳо нафар сокинону меҳмонон аз он истифода мебаранд.

Айни ҳол корҳои бунёдкорӣ дар самти васеъ намудани роҳрав аз пули асосӣ то Боғи “Ғалаба” бо суръат идома доранд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулин барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ва сари вақт ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд