Ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” қадрдонӣ гардиданд

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими тантанавии қадршиносии ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ шудаанд, ки ҳадафи онҳо ҷалби ҷавонону наврасон ба илму донишомӯзӣ, шинос намудан бо таърих ва фарҳанги миллӣ, омӯзиши илмҳои дақиқу табиӣ ва рушди навовариву ихтироъкорӣ мебошад.

Ба гуфтаи роҳбари вилоят баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” нишон медиҳад, ки ҷавонону наврасони кишвар ташнаи донишанд ва таваҷҷуҳ ба илмҳои дақиқ сол то сол меафзояд.

Соли равон тибқи низомномаи озмун дар давоми моҳҳои апрел ва май марҳилаҳои аввали озмун дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ ва дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо баргузор гардида, 69 ҳазору 331 нафар хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд. Аз ин миён 1439 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Даври вилоятӣ аз рӯйи ҳашт номинатсия — математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор гардид. Дар натиҷа 152 нафар иштирокчӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.

Ҳамзамон, 96 нафар омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври вилоятӣ натиҷаҳои баланд нишон додаанд, бо мукофотҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонда мешаванд. 

Раиси вилоят дар идомаи суханронӣ таъкид кард, ки омодасозии кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва илмҳои дақиқ яке аз вазифаҳои асосии роҳбарон ва аҳли маориф ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки омӯзгорон барои ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ба чунин озмунҳои илмӣ минбаъд низ чораҳои муассир андешанд.

Сипас, 248 нафар ғолибони даври вилоятии озмун ва омӯзгорони онҳо бо диплом ва туҳфаҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадрдонӣ гардиданд. Барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибон наздик ба 1,5 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Дар фарҷом, чанде аз иштирокчиёну омӯзгорон барои таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд