
Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба бунёди бинои баландошёнаи истиқоматӣ санги асос гузошта шуд.
Тибқи лоиҳа дар ошёнаҳои якум ва дуюми ин иншоот барои кормандони шуъбаи маорифи шаҳр утоқҳои корӣ ва шароити муосири фаъолият муҳайё карда мешавад. Дар таҳхонаи бино китобхона таъсис меёбад, ки барои густариши фарҳанги китобхонӣ ва боло бурдани савияи маънавии ҷомеа хизмат хоҳад кард. Ошёнаҳои минбаъда бошад чун манзили истиқоматӣ барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ истифода мегардад .
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ зери таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳар сол даҳҳо корманди соҳаҳои иҷтимоӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин мегарданд, ки ин нишонаи ғамхории пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат мебошад.
Сокинони шаҳри Панҷакент иброз доштанд, ки аз чунин иқдомҳои созанда рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои боз ҳам ободу зебо гардондани диёр ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиши дучанд ба харҷ медиҳанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




