
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор шуд.
Дар даври вилоятии озмун, ки бо ҳадафи баланд бардоштани завқи китобхонӣ, таҳкими неруи зеҳнӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ баргузор гардид, 1134 нафар иштирок намуда, 90 нафар ғолибон аз рӯи чор номинатсия муайян гардиданд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуда, таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба аҳли илму маърифат ва омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Раиси вилоят афзуд, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” зери сарпарастии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, бо дастури Сарвари давлат мукофотпулӣ ва ҷоизаҳои ғолибони озмунҳо аз сатҳи мактаб то ҷумҳурӣ 100 фоиз зиёд карда шудааст, ки ин нишонаи дастгирии бевоситаи давлат аз аҳли илму маориф мебошад.
Тибқи низомномаи озмун, давраҳои аввал ва дуюм дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ ва шаҳру ноҳияҳо баргузор шуда, беш аз 70 ҳазор нафар дар онҳо ширкат варзиданд. Аз миёни онҳо 1134 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Озмун аз рӯи чор номинатсия — адабиёти кӯдакон ва наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон — доир гардид.
Бар асоси хулосаи ҳайати ҳакамон, 90 нафар иштирокчиён ба даври ниҳоии ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд, ки аз ҷумла 18 нафар дар номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон, 24 нафар дар адабиёти муосири тоҷик, 24 нафар дар адабиёти классикии тоҷик ва 24 нафар дар адабиёти ҷаҳон мебошанд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба 90 нафар ғолибони даври вилоятӣ сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ дар ҳаҷми 4, 6 ва 10 ҳазор сомонӣ тақдим гардид. Ҳамчунин, ба 54 нафар омӯзгороне, ки шогирдонашон ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд, туҳфаҳо супорида шуд.
Ғолибон ва иштирокчиён дар навбати худ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили чунин озмун, дастгирии ҷавонони китобдӯст ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму таҳсил изҳори миннатдорӣ намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




