
3 сентябри соли 2025 маросими тантанавии супоридани Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ дар ҳузури намояндагони касбу кори гуногун онҳо ва кулли сокинони вилояти Суғдро бо фарорасии санаи таърихии 34-юмин солгарди Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, тани сиҳату хотири ҷамъ, саодати хонаводагӣ ва комёбиву дастовардҳо таманно намуд.
Қайд карда шуд, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои беҳтар гардидани шароити кор ва сатҳи зиндагии кормандони соҳаҳои гуногун тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Санаҳои 25-ум ва 28 августи соли равон дар Кохи миллат аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадршиносӣ намудани хизматҳои фарзандони барўманд ва хизматнишондодаи Ватан, онҳое, ки бо меҳнати босубот ва софдилонаашон дар бунёди ҷомеаи навини кишвар ва рушди соҳаҳои он саҳми назаррас гузоштаанд, инчунин ба намояндагони сохторҳои қудратӣ ва низомии кишвар мукофотҳои давлатӣ, унвону рутбаҳои махсусро супориданд, ки далели гуфтаҳои боло ба ҳисоб меравад.
Қадрдонӣ кардан бо мукофоти давлатӣ, ҳамчунин, эътирофи фаъолияти пурсамару ибратбахши давлативу ҷамъиятӣ, истеҳсоливу соҳибкорӣ ва эҷодиву фарҳангӣ дар роҳи таҳкими истиқлоли давлатӣ, рушди иқтисоду фарҳанги миллӣ ва пойдории сулҳу субот дар ҷомеа мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ дар партави иқдомҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифт, ки дар ҷашни мубораку муқаддаси 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумӽурии Тоҷикистон фаъолони соҳаҳои гуногунро бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонад.
Дар арафаи Рўзи Истиқлоли кишварамон баргузор шудани чорабинии тантанавии супоридани Ифтихорнома хеле рамзист, зеро ин қадршиносӣ барои онҳоест, ки дар пешравии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят сарбаландона ва садоқатмандона хизмат намудаанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки фарзандони содиқи Ватан минбаъд низ нерўи зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, пешрафти иқтисодиёти кишвар ва дигар ҳадафҳои бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат равона менамоянд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба гурӯҳи калони намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳангу ҳунар, бонкдорӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




