Ҷамъбасти бистрӯзаи якуми пахтачинӣ дар вилояти Суғд: ноҳияи Мастчоҳ ғолиби мусобиқаи меҳнатӣ шуд

20 сентябри соли равон дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ маросими ҷамъбасти бистрӯзаи якуми маъракаи пахтачинӣ дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар ҷамъомад фаъолияти пахтакорони вилоят натиҷагирӣ шуда, ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ муайян гардиданд. Тибқи ҷамъбасти натиҷаҳо, ноҳияи Мастчоҳ мақоми аввал, ноҳияи Спитамен ҷойи дуюм ва дар миёни ҷамоатҳо Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов ғолиб дониста шуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ғолибони мусобиқа вимпел ва мукофотҳои пулӣ супорида, ба роҳбарони ноҳияҳои пахтакор ва дигар масъулони соҳа барои сари вақт, пурра ва бе талаф ҷамъоварӣ намудани пахта дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон, ба як қатор хоҷагиҳои пахтакор ва чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. 

Тавре зикр гардид, нақшаи истеҳсоли пахта дар ноҳияи Мастчоҳ 27 ҳазору 391 тонна буда, то имрӯз 9 ҳазору 283,9 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 33,9 фоизи нақша баробар мебошад. Дар ноҳияи Спитамен бошад, нақшаи истеҳсол 14 ҳазору 291 тонна муайян гардида, то имрӯз 4 ҳазору 98,6 тонна пахта ғунучин шудааст, ки 28,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар маҷмуъ дар вилоят нақшаи истеҳсоли пахта 131 ҳазору 300 тонна пешбинӣ гардида, то имрӯз 31 ҳазору 426 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 23,9 фоизи нақша баробар мебошад.

Зимни баромади худ Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки барои сари вақт ва босифат ба анҷом расонидани маъракаи пахтачинӣ сафарбар намудани тамоми захираҳо ва истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда зарур мебошад.

Маъракаи пахтачинӣ дар вилояти Суғд идома дошта, бо талоши меҳнаткашони вилоят интизор меравад, ки нақшаи пешбинишуда иҷро гардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд