
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷумлаи навоҳии бузурги кишоварзӣ маҳсуб ёфта, ба масъалаи кишт, истеҳсол ва коркарди пахта таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳия бо фаъолияти ҶДММ «Зафариён» шинос гардид. Аснои мулоқот бо масъулини ноҳия ва роҳбарони корхонаҳои пахтатозакунӣ таъкид гардид, ки пахта бояд пурра ҷамъоварӣ ва коркард карда шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ «Зафариён» дар мавсими ҷорӣ 5000 тонна пахтаро қабул ва коркард менамояд. Айни замон дар корхона 35 нафар ба фаъолият машғуланд ва бо афзоиши ҳаҷми ҳосил шумораи кормандон то ба 60 нафар хоҳад расид.
Соли равон кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ният доранд, ки бо ҷамъоварии пурра ва саривақтии ҳосил нақшаи истеҳсолиро барзиёд иҷро намоянд.
Раиси вилоят зимни иштирок дар раванди пахтачинӣ дар Кооперативи тиҷоратии ба номи Ҷаббор Расулов пахтаро ҳамчун ашёи хоми муҳим омили рушди соҳаи саноати сабук арзёбӣ кард. Қайд гардид, ки айни замон ҳосили пахтазори ноҳия беш аз 50 дарсад шукуфтааст ва саҳмдорон ҳамроҳи чинакчиён ба ҷамъоварии ҳосил машғуланд.
Раиси вилоят бо тақдими туҳфаҳо ба чинакчиён иброз дошт, ки истифодаи самараноки рӯзҳои офтобӣ ва масъулияти ҷиддӣ дар ҷамъоварии ҳосил имконият медиҳад то пахтаи пухтарасида сари вақт, беталаф ҷамъоварӣ гардида, хирманбоз ҳам пурбор шавад.
Дар поёни боздиди корӣ Раиси вилоят ҳамчунин собиқадори соҳаи маориф Муяссар Уруноваро аёдат намуда, ба ӯ аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо тақдим кард.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




