
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади таъмини рушди соҳаи саноат бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ идома дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздиди корӣ бо сохтмони як қатор корхонаҳои саноатӣ шинос гардид.
Дар ноҳияи бо ташаббуси ҶДММ «Хишти Ором» корхонаи нави хиштбарорӣ бо истифода аз технологияҳои муосир бунёд мешавад. Ин иқдом на танҳо ҳаҷми истеҳсолро меафзояд, балки ҷойҳои нави кориро низ фароҳам меорад.
Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки ин корхона яке аз калонтарин корхонаҳои истеҳсоли хишт дар минтақа хоҳад буд, ки бо иштироки соҳибкорони ватанӣ ва ҳамкорӣ бо мутахассисони чинӣ ташкил ёфтааст.
Ҳамзамон, ҶДММ «Зартахта» сохтмони корхонаи истеҳсоли масолеҳи ороишӣ ва сохтмониро идома медиҳад, ки бо технологияи пешрафта муҷаҳҳаз гардида, ба баланд бардоштани сифати маҳсулот мусоидат хоҳад кард.
ҶДММ «Чарми Қалъа» дар ҳамкорӣ бо мутахассисони чинӣ нақша дорад, ки корхонаи коркарди пӯст ва дӯзандагирр фаъол намояд. Бо ба истифода додани корхона беш аз 80 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Иқдоми дигар дар соҳаи саноат – бунёди корхонаи истеҳсоли хишти газӣ аз ҷониби ҶДММ «Файзи Бӯстон» мебошад, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони чинӣ амалӣ шуда, пас аз фаъолшавӣ 60 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мегарданд.
Дар баробари ин, ба паррандапарварӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. ҶДММ «Анқо Инвест» сехи калони ҷӯҷабарорӣ бо иқтидори солонаи 12 миллион ҷӯҷа таъсис дода истодааст. Дар сехи нав технологияи кишвари Белгия истифода мешавад.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулон супориш дод, ки корҳои сохтмониро босифат ва дар муҳлатҳои муайяншуда анҷом диҳанд. Таъкид гардид, ки фаъолсозии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ қадами устувор дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар мебошад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




