Шиносоии Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо сохтмони иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳия бо ҷараёни таҷдиду навсозии як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ шинос шуд.

Нахуст роҳбари вилоят аз раванди корҳои таъмиру сохтмон дар бинои қасри фарҳанг ва филиали литсейи касбӣ-техникии рақами 75, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов боздид ба амал овард. Зикр гардид, ки биноҳои мазкур солҳои тӯлонӣ бекорхобида буданд ва ҳоло бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров азнавсозӣ мешаванд. Айни замон дар қасри фарҳанг беш аз 30 нафар сохтмончиён машғули коранд.

Дар идомаи боздид таъкид гардид, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои кӯдакистон барои 300 нафар кӯдак дар шаҳраки Ғафуров бо тарҳи замонавӣ азнавсозӣ шуда, он бо мебелу таҷҳизоти муосир таъмин мегардад.

Зимни боздид Раиси вилоят барои бо сифати баланд ва дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани иншооти ҷашнӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд