
Дар ноҳияи Мастчоҳ бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва рафтуомади сокинону мусофирон аз аввали соли равон даҳҳо километр роҳҳои мошингарду дохили маҳаллаҳо мумфарш карда шудааст.
Дар идомаи корҳои ободониву созандагӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода мумфаршкунии роҳи кӯчаи “40-солагии Дилварзин”, воқеъ дар деҳоти Палдораки ноҳия оғоз ёфт.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳи мазкур бо саҳми сокинону соҳибкорон бо дарозии 600 метр ва паҳноии 6 метр мумфарш карда мешавад.
Раиси вилоят зимни оғози корҳои мумфаршкунӣ таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳамсозии шароити арзанда ба мардум пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ҳамзамон зикр гардид, ки саҳми бевоситаи сокинону соҳибкорон дар амалисозии корҳои хайру савоб назаррас буда, имрӯзҳо дар саросари вилоят бо ташаббуси мардум садҳо километр роҳҳои деҳот мумфарш шуда истодааст.
Сокинони бо нангу номуси ноҳияи Мастчоҳ низ дар корҳои созандагию ободонӣ фаъолона саҳм гузошта, барои ободии маҳал талош меварзанд.
Зимни мулоқот бо сокинон Раиси вилоят ба масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврас, ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагӣ ва пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ таваҷҷуҳ намуда, таъкид кард, ки зарур аст ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия ёфта, ба роҳи дуруст ҳидоят карда шаванд.
Сипас, роҳбари вилоят бо сохтмони иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла бинои нави беморхонаи марказии ноҳия ва кӯдакистон шинос шуда, ба роҳбарияти ноҳия барои иҷрои саривақтии корҳо дастур дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




