Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода донишҷӯёну устодонро ба муносибати Рӯзи дониш табрик гуфт

1 сентябри соли 2025 Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил самимона табрик намуд.

Зимни суханронии худ роҳбари вилоят иброз дошт, ки ҳамасола соли таҳсил бо дарси сулҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад.

Раиси вилоят ёдовар шуд, ки санаи 30 августи соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварда, зимни суханронии пурмуҳтаво вазъи соҳаи маорифро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор доданд. Зеро маҳз дониш омили асосии пешрафти устувори давлат ва сарчашмаи муваффақият дар зиндагии ҳар инсон аст.

Дар идома таъкид гардид, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот арзишҳои нодир ва дастовардҳои беназири давлатдорӣ маҳсуб меёбанд. Дарси сулҳ дар оғози соли таҳсил низ ҳамчун паёми ҳидоятии Пешвои миллат мақоми вижа дошта, барномаи амалии аҳли маориф ва илмро барои соли таҳсил муайян месозад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода қайд кард, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров имрӯз дар қатори дигар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ на танҳо яке аз боргоҳҳои пурнуфузи таълиму тарбия, балки маркази бузурги илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии минтақа ба ҳисоб меравад. Дар тӯли беш аз 90 соли фаъолият ин донишгоҳ садҳо олимону устодони маъруф ва ҳазорон мутахассисони баландихтисосро ба камол расондааст, ки саҳми онҳо дар рушди илм, иқтисод, фарҳанг ва сиёсати кишвар назаррас мебошад.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ҳамеша аз ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархурдор буда, таҳти роҳнамоиву ҳидоятҳои Сарвари давлат дониш ва нерӯи худро баҳри ба даст овардани дастовардҳои нав равона месозанд.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар шароити рушди босуръати илм, техникаву технология ва хусусан зеҳни сунъӣ, аҳамияти донишандӯзӣ бештар мегардад. Пешрафти илму техника ва рақобати иттилоотию иқтисодӣ аз ҷавонон тақозо менамояд, ки донишу ҷаҳонбинии худро пайваста рушд диҳанд.

Сипас, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо дастовардҳои олимон, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ шинос гардида, барои тақвияти фаъолият ва таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат шахсони масъулро вазифадор намуд. Ҳамзамон, ба чанде аз устодони собиқадори донишгоҳ кӯмакҳои молӣ тақдим карда шуд, ки рамзи эҳтиром ва қадршиносӣ аз хизматҳои арзандаи онҳо мебошад.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин шаҳру ноҳияҳо ташриф оварда, аз номи роҳбарияти вилоят устодону донишҷӯён, омӯзгорону хонандагонро ба муносибати Рӯзи дониш табрик намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд