Оғози мумфаршкунии роҳҳо дар шаҳри Бӯстон

Дар шаҳри Бӯстон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ бо шиддат идома доранд. Дар ҳамин замина бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба мумфаршкунии роҳҳои шаҳр оғоз бахшида шуд.

Мувофиқи иттилои масъулин, дар кӯчаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ, Сулҳ ва Баротов тақрибан як километр роҳ бо паҳноии 9 метр, яъне дар масоҳати 9 ҳазор метри мураббаъ асфалтпӯш карда мешавад. Ин иқдоми муҳим бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ мегардад.

Зимнан, то имрӯз дар ҳудуди шаҳр беш аз 17 километр роҳ таъмиру мумфарш гардидааст, ки ба беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон ва рушди минбаъдаи инфрасохтор мусоидат мекунад.

Раиси вилояти Суғд зимни мулоқот бо аҳолӣ таъкид намуд, ки дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари бунёди иншооти ҷашнӣ, ба масъалаи таъмиру мумфаршсозии роҳҳо низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ равона шудааст. Ӯ ҳамзамон ёдовар гардид, ки Истиқлоли давлатӣ муҳимтарин дастоварди миллӣ буда, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасад ва дар ободии Ватан саҳми худро гузорад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони шаҳри Бӯстон ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд