Шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон пас аз таъмир ба истифода дода шуд

Дар арафаи таҷлили 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон пас аз таъмиру таҷдиди куллӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида роҳбари вилоят аз таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки бо ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаҳои тиббӣ имкониятҳои нав барои хизматрасонии босифат ба аҳолӣ фароҳам оварда мешавад. 

Табибон изҳор доштанд, ки дар шуъбаи ҷарроҳӣ шароити муосир муҳайё гардида, дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ дастрас шудааст. Имрӯзҳо беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон дорои 12 шуъбаи бистарикунӣ ва 4 шуъбаи ёрирасон буда, на танҳо ба сокинони шаҳр, балки ба аҳолии шаҳру ноҳияҳои дигар низ хизмат мерасонад.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати тандурустӣ шуъбаи ҷарроҳӣ ба таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида, шароит барои анҷоми амалиёти ҷарроҳӣ беҳтар шудааст. Табибон иброз намуданд, ки бо истифода аз ин имкониятҳо дар ҳифзи саломатии аҳолӣ саҳми бештар мегузоранд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо кормандони беморхона онҳоро бо фарорасии солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, таъкид дошт, ки дар ояндаи наздик дигар шуъбаҳои ниёзманд низ таъмиру таҷдид гардида, бо дастгоҳҳои замонавӣ таъмин хоҳанд шуд. Барои беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026 масъулин вазифадор карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд