
Дар арафаи оғози соли нави таҳсил ва ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифт.
Роҳбари вилоят нахуст бо омӯзгори собиқадор Алла Ғаниева, ки солҳои зиёд дар соҳаи маориф фаъолият дошта, дар тарбияи насли босавод саҳми арзанда гузоштааст, мулоқот намуд. Раиси вилоят аз фаъолияти босамари чунин нафарони фидоӣ ёдовар шуда, аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ туҳфаҳои моливу пулӣ тақдим кард ва бо фарорасии ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуд.
Ҳамзамон, дар ин рӯз собиқадорони дигар – Мамлакат Музаффарова ва Муҳаммадҷон Муъминов низ мавриди таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ қарор гирифтанд. Ба онҳо низ аз номи Сарвари давлат туҳфаҳои моливу пулӣ тақдим гардид.
Собиқадорони меҳнат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории ҳамешагӣ ва таваҷҷуҳ ба собиқадорон арзи сипос намуда, барои ободию шукуфоии Тоҷикистони азиз ва пойдории сулҳу субот дуои нек карданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




