
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонии як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ дар шаҳри Хуҷанд шинос гардид.
Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони биноҳои иловагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 4, 7, 14, 26 ва кӯдакистонҳои муосир бо ҷалби маблағгузории мақомоти маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорон идома дошта, ҷиҳати беҳтарсозии шароити таълиму тарбияи насли наврас равона шудааст.
Дар кӯчаи Камоли Хуҷандӣ бунёди бинои нави 7-ошёнаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо беш аз 90 утоқи корӣ, маҷлисгоҳҳои хурду калон, китобхона ва инфрасохтори зарурӣ дар арафаи анҷомёбист.
Дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ якчанд лоиҳаҳои бузурги сохтмонӣ амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, ҶДММ “Март” сохтмони бинои 16-ошёнаи истиқоматиро бо таваққуфгоҳ, марказҳои савдо ва зиёда аз 200 хонаи истиқоматӣ ба роҳ мондааст.
Ҳамзамон, ҶДММ “Бинокор-Бунёдгар” бунёди маҷмааи истиқоматиро бо марказҳои хизматрасонӣ, ҷои фароғат ва инфрасохтори зарурӣ оғоз намудааст, ки то соли 2027 мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Бо мақсади таъмини ҳаракати бехатар ва осони сокинон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ сохтмони гузаргоҳи зеризаминии муосир бо марказҳои савдо оғоз ёфта, иҷрои корҳои сохтмонӣ ба ҶДММ “Сомон Сохтмон ва Компания” вогузор шудааст.
Ширкати сохтмонии “Қудрат-2010” лоиҳаи бузурги бунёди маҷмааи 28-ошёнаи истиқоматиро бо марказҳои хизматрасонӣ, таваққуфгоҳ ва насби панелҳои офтобӣ амалӣ мекунад, ки ҷавобгӯи талаботи муосири меъморӣ хоҳад буд.
Бо дарназардошти зиёд шудани аҳолӣ ва густариши сохтмони иншооти маишиву хизматрасонӣ, зарурати навсозии хатти ташноби шаҳри Хуҷанд ба миён омада, лоиҳаи муосири таҷдиди шабака ва пойгоҳи партовоббардор таҳия ва татбиқ мегардад.
Раиси вилоят зимни боздид аз ҳар як иншоот ба масъулон ҷиҳати таъмини сифати баланд, риояи меъёрҳои сохтмон ва сари вақт анҷом додани корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Иншооти зикршуда ҷиҳати беҳтарсозии шароити зиндагии сокинон, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва зебоии симои шаҳр саҳми назаррас мегузоранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




