Рушди соҳаи парандапарварӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ҷараёни сохтмони ду фабрикаи парандапарварӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Анқо тнвест” ва ҶДММ “Корвон раранда” боздид ба амал овард.

Тибқи иттилои масъулин, корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳо ба марҳилаи анҷомёбӣ расида, дар ояндаи наздик мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Бунёди фабрикаҳо имкон медиҳад, ки бозори дохилӣ бо гӯшту тухми мурғи истеҳсоли ватанӣ таъмин ва садҳо ҷойи нави корӣ барои сокинони маҳаллӣ фароҳам гардад.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ баён дошт, ки рушди соҳаи парандапарварӣ аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти ноҳия ба ҳисоб рафта, барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ, зарур аст, ки технологияҳои муосир ҷорӣ, таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ истифода ва сармояи хусусӣ ҷалб карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд