Дар Хуҷанд ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ баргузор гардид

Бо мақсади фаровон гардондани бозори истеъмолӣ ва дастрасии сокинон ба маҳсулоти хушсифату арзон рӯзи 26 июл дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд дар ярмарка беш аз 130 тонна маҳсулоти гуногун ва 40 ҳазор дона тухм бо нархҳои нисбатан арзон ба сокинону меҳмонони шаҳр пешниҳод гардид. Мақсад аз баргузории чунин ярмаркаҳо танзими нархи маҳсулот, дастгирии кишоварзону истеҳсолкунандагон ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи аввалия мебошад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз ярмарка ба масъулин дастур дод, ки назорат аз болои сифати маҳсулот ва нархгузории он пурзӯр карда шавад, то шаҳрвандон тавонанд бо нархи дастрас маҳсулоти мавриди ниёзи худро харидорӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки ташкил ва баргузории чунин ярмаркаҳо дар шаҳрҳои саноатии вилояти Суғд ба ҳукми анъана даромада, аз аввали сол то имрӯз 30 маротиба баргузор гардидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд