
22 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом ба дидорбинии чанде аз собиқадорони меҳнат ва оилаҳои ниёзманд рафт ва ба онҳо кумакҳои моддиву пулӣ расонид.
Аз ҷумла, собиқадори соҳаи маориф Дилбар Иномова, ки 48 сол ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буд, ба ғамхорӣ фаро гирифта шуд. Ҳамчунин, Махфират Холматова, сокини 63-солаи шаҳр ва Мақсудҷон Ҷӯраев — рӯзноманигори собиқадор низ аёдат шуданд.
Собиқадорони меҳнат барои таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




