Мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ дар Конибодом

Сокинони деҳаи Гулбоғи Ҷамоати деҳоти Фирӯзобаи шаҳри Конибодом тасмим гирифтаанд, ки беш аз 3 километр роҳҳои байни маҳаллаҳоро мумфарш намоянд.

Дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуда, аз ҳамбастагии сокинон ва ҳисси баланди масъулиятшиносии онҳо изҳори қаноатмандӣ кард. Зимни суҳбат бо сокинон Раиси вилоят таъкид дошт, ки чунин ташаббусҳои созанда бояд дар дигар деҳаву маҳаллаҳо низ вусъат ёбанд ва ба як иқдоми умумӣ табдил ёбанд.

Таъмиру мумфаршкунии роҳҳои мошингард на танҳо ба ҳаракати озоди воситаҳои нақлиёт ва шаҳрвандон мусоидат мекунад, балки дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши назаррас мегузорад.

Зикр шуд, ки дар даврони истиқлолият ҳазорон километр роҳҳои нав сохта, таъмир ва навсозӣ гардидаанд. Таъмиру бозсозии роҳи автомобилгарди “Деҳмой — Конибодом” низ ба ҳамин қатор тадбирҳо шомил буда, айни ҳол бо мутобиқат ба стандартҳои байналмилалӣ идома дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд