
22 июл зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд, аз наздик шинос гардид.
Раиси вилоят зимни боздид аз раванди сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 таъкид дошт, ки рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумат мебошад. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, иншооти мазкур бо маблағгузории Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шуда, барои таҳсилу тарбияи 660 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Бинои нав аз ду ошёна иборат буда, дорои синфхонаҳои барҳаво, кабинетҳои фаннӣ ва утоқҳои кории омӯзгорон хоҳад буд.
Тибқи иттилои масъулон, бинобар садамавӣ будани мактаби кӯҳна ва мутобиқ набудани шароити таълим ба талаботи замон, ниёз ба бунёди муассисаи нави таълимӣ ба миён омадааст. Айни замон дар мактаби мазкур 300 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Бо ҳидояту роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом бунёди иншооти соҳаи маориф вусъати тоза пайдо намуда, сохтмони 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад. Иншоотҳо бо маблағгузории Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд, мақомоти маҳаллӣ ва саҳми сокинону соҳибкорони ватандӯст бунёд мешаванд.
Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Раҷаб Ҳамробоев бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Фарҳод Турақулов сохтмони кӯдакистон барои 200 нафар дар арафаи анҷомёбист. Иншооти мазкур дуошёна буда, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин, сохтмони муассисаҳои томактабӣ дар деҳаи Ғалчамулло ва деҳаи Равоти Ҷамоати деҳоти Пулотон барои 120 ва 150 нафар, инчунин дар деҳаи Диловарони Ҷамоати деҳоти Фирӯзоба барои 140 нафар бо суръат идома дорад.
Дар баробари соҳаи маориф, ба бахшҳои тандурустӣ ва варзиш низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Аснои боздид аз шуъбаи ҷарроҳии кӯдаконаи беморхонаи марказии шаҳр, ки бо маблағгузории лоиҳаи ЮНИСЕФ таъмиру таҷдид шуда истодааст, Раиси вилоят сифати корҳои иҷрошударо баланд арзёбӣ кард.
Дар доираи сафари корӣ ҳамчунин Раиси вилоят аз ҷараёни навсозии варзишгоҳи марказии шаҳри Конибодом дидан намуд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҷиҳати таъмини иҷрои супоришҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ варзишгоҳи мазкур барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи баланд омода гардида истодааст. Варзишгоҳ дорои 10 ҳазор ҷои нишаст буда, бо курсиву таҷҳизоти муосир таъмин мегардад.
Дар идомаи сафар Раиси вилоят аз корхонаи истеҳсоли хишти ҶДММ «Кучкак сохтмон» боздид ба амал овард. Ин корхона, ки қаблан фаъолият намекард, бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ ва дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дубора ба фаъолият шурӯъ кардааст.
Дар корхона дар як шабонарӯз то 40 ҳазор дона хишт истеҳсол шуда, 40 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин шудаанд. Масъулон иттилоъ доданд, ки хишти истеҳсолшаванда дорои сифати баланд буда, талабот ба он дар ҳоли афзоиш аст.
Раиси вилоят ҷиҳати воридсозии технологияи муосир ва баландбардории сифати маҳсулот дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




