Шиносоӣ бо нашъунамои пахта ва ҷараёни кишти такрорӣ дар Конибодом

Кишоварзони шаҳри Конибодом бо дарки баланди масъулият ва тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола талош менамоянд, ки бо иҷрои нақшаву барномаҳои соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки замин афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро таъмин намоянд.

Тибқи маълумоти масъулин соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Конибодом дар масоҳати умумии 11 ҳазору 57 гектар кишти зироатҳои гуногуни кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, наздики 4000 гектар замин ба кишти пахта, 279 гектар ба картошка, 968 гектар ба сабзавот ва 216 гектар ба полезиҳо ихтисос дода шудааст.

Зимни сафари корӣ ба шаҳр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз рафти нашъунамои пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии «Беҳрӯз» ва «Кӯҳандиёр» дидан намуда, бо деҳқонон суҳбати судманд анҷом дод. Дар хоҷагии деҳқонии «Беҳрӯз» имсол дар масоҳати 10 гектар пахта кишт карда шудааст ва кишоварзон умед доранд, ки ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд.

Пахта яке аз маҳсулоти муҳими стратегӣ ва ашёи хоми саноатӣ маҳсуб ёфта, бо ҷорӣ намудани таҷрибаҳои илмӣ ва технологияи муосир ҳаҷми ҳосилнокӣ ҳамасола афзоиш меёбад. Соли равон дар масоҳати 35 гектар замин кишти пахта дар зери плёнка ба роҳ монда шудааст, ки самаранокии он нисбат ба усули анъанавӣ баландтар арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон, қисми зиёди хоҷагидорон пас аз ҷамъоварии ҳосили асосӣ ба кишти такрорӣ рӯ оварда, заминро самаранок истифода мебаранд. Нақшаи кишти такрорӣ дар заминҳои шаҳри Конибодом беш аз 3000 гектарро ташкил дода, корҳо дар ин самт бо маром идома доранд.

Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Фирӯзоба аз хоҷагии деҳқонии «Юсуфҷон» боздид ба амал оварда, аз раванди кишти такрорӣ ва сабзиши зироатҳои киштшуда шинос шуд. Дар хоҷагии мазкур, ки дорои 5 гектар замин мебошад, пас аз ҷамъоварии гандум дар масоҳати 0,40 гектар сабзӣ, 0,60 гектар мош, лӯбиё ва бодиринг кишти такрорӣ гузаронида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки бо насби агрегатҳои нав дар пойгоҳҳои обкашӣ ва кашидани хатҳои интиқоли об, соли ҷорӣ таъминоти заминҳо бо оби полезӣ дар шаҳри Конибодом ба маротиб беҳтар гардидааст, ки ба афзоиши ҳосилнокӣ мусоидат менамояд.

Раиси вилояти Суғд зимни суҳбат бо масъулони соҳаи кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳо, намояндагони соҳаи обрасонӣ ва кишоварзон супориш дод, ки ҳар порча заминро самаранок истифода бурда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд