Дидорбинӣ бо собиқадорони меҳнат дар Истаравшан

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо собиқадорони меҳнат мулоқот анҷом дод.

Зимни сафари корӣ роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадори соҳаи кишоварзӣ Раҳмоналӣ Ашуров ва собиқадори соҳаи энергетика Собит Маъруфов хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Раиси вилоят зимни суҳбат таъкид намуд, ки заҳматҳои содиқона ва хизматҳои шоистаи собиқадорон барои рушди ҷомеа, ободии кишвар ва тарбияи насли наврас намунаи ибрат буда, давлату Ҳукумат ҳамеша қадршиноси чунин шахсон мебошад.

Собиқадорон изҳори сипос намуда, аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят изҳори хушнудӣ карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд