
Бо мақсади истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бунёд ва ба истифода додани 60 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ба ҳисоби миёна ҳамасола 12 корхона мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Айни замон дар шаҳри Истаравшан 100 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, саҳми онҳо дар истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъмини сокинон бо ҷойҳои корӣ назаррас мебошад.
Дар доираи татбиқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Истаравшан барои солҳои 2021-2025, ки аз 180 лоиҳаи афзалиятнок иборат буда, ба маблағи умумии 599,45 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, корҳои созандагӣ бо маром идома доранд.
Айни замон дар шаҳр сохтмони як қатор корхонаҳои нав, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли маҳсулоти маишию техникии ҶДММ "Файзи нур", корхонаи истеҳсоли оби шифобахши ҶДММ "Ҳавотоғ", корхонаи истеҳсоли мебели ҶДММ "Асри обод", инчунин васеъсозии иқтидори истеҳсолии ҶСП “Оби зулол” идома дорад.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки саҳми соҳибкорони ватандӯсти шаҳри Истаравшан дар амалисозии ин лоиҳаҳо ва рушди бахши саноат шоистаи таҳсин буда, роҳбарияти вилоят иқдоми онҳоро ҳамчун намунаи созандагиву ободонӣ дастгирӣ менамояд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




