15 июл дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҷаласаи фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид.
Раиси вилоят дар оғози ҷаласа бо ёдоварӣ аз сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки рӯзҳои 11-13 июл сурат гирифт, иброз дошт, ки зимни сафар дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ба истифода дода шуд. Таъкид гардид, ки роҳбарияти вилоят ва фаъолон ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳо талош менамоянд.
Сипас, муовини якуми Раиси вилоят Суҳайлӣ Қурбонзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2025 гузориш дод.
Қайд карда шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар давраи ҳисоботӣ баҳри татбиқи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, ки зимни Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят баён гардидаанд, тадбирҳои муассирро амалӣ намуда, дар самти рушди иҷтимоию иқтисодӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 18,1 млрд. сомонӣ расида, суръати афзоиш 132,8 фоизро ташкил дод. Миқдори маҳсулоти истеҳсолшаванда ба 253 номгӯй расонида шуд. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 84 корхонаи нав бо 536 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар соҳаи кишоварзӣ ба маблағи 6,1 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, суръати афзоиш 110,5 фоиз таъмин гардид. Масоҳати кишти зироатҳо 262,8 ҳазор гектарро ташкил дод.
Ҳаҷми сармоягузории асосӣ ба иқтисодиёти вилоят ба 1,3 млрд. сомонӣ расида, суръати афзоиш 104 фоиз таъмин гардид. 215 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шуд. Дар соҳаи нақлиёт 23 млн. тонна бор ва 155,5 млн. нафар мусофир кашонида шуд.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-июни соли 2025 ба 2 млрд. доллар расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 135,9 фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми воридот 1,3 млрд долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 222,2 млн. доллар ё 21,1 фоиз афзудааст. Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 307,1 млн. доллар ё 73,1 фоиз афзуда, ба 727,2 млн. доллар баробар шудааст.
Нақшаи даромади буҷет 107,5 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3,1 млрд. сомонӣ ворид гардид.
Дар соҳаи маориф 287 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии беш аз 48 ҳазор кӯдак, 962 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии беш аз 578 ҳазор хонанда фаъолият доранд. Шумораи омӯзгорон 37 ҳазору 610 нафарро ташкил медиҳад.
Дар вилоят 944 муассисаи нигаҳдории тандурустии давлатӣ ва 293 муассисаи хусусӣ фаъолият мекунанд.
Дар идомаи ҷаласаи фаъолони вилояти Суғд вобаста ба нишондиҳандаҳои дигар соҳаҳо, аз ҷумла ҳаҷми гардиши савдо, боркашонию хизматрасонии нақлиёт, таъмиру мумфаршсозии роҳҳои автомобилгард, ҷалби сармоя ва рушди сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ, ҳаҷми содироти маҳсулот, маблағгузорӣ ба бахшҳои иҷтимоӣ, хусусан соҳаи маорифу тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, таҳлили ҳамаҷониба сурат гирифт. Зимни баррасӣ таъкид гардид, ки нишондиҳандаҳои соҳаҳо дар нимсолаи якуми соли равон назаррас арзёбӣ гардидаанд.
Раиси вилояти Суғд зимни таҳлили нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии шашмоҳаи соли ҷорӣ таъкид намуд, ки бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, имкониятҳои мавҷуда дар аксари бахшҳо то ҳол ба таври пурра ва мақсаднок истифода нашудаанд. Аз ин рӯ, ба масъулин супориш дода шуд, ки ҷиҳати афзун гардонидани нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар семоҳаи оянда аз тамоми захираву имкониятҳо самаранок истифода намоянд.
Раиси вилоят таваҷҷуҳи роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳаҳоро ба масъалаҳои рушди саноат, бунёди корхонаҳои нав, зиёд намудани номгӯи маҳсулоти содиротӣ, ҷалби сармоя ба иқтисод, истифодаи оқилонаи замин ва об, иҷрои нақшаи кишти такрорӣ, фаъолияти мунтазами пойгоҳҳои обкашӣ, ҳамкорӣ бо олимони соҳаи кишоварзӣ ва парвариши зироатҳои ба иқлим мутобиқ ҷалб намуд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки захираи маҳсулоти озуқаворӣ барои ду сол дар ҳар оила таъмин карда шавад ва пешгирии зиёдаравиҳо ҳангоми баргузории маъракаҳо, омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмири муассисаҳои таълимӣ ва омодагӣ ба соли нави хониш, инчунин масъалаҳои таҳкими оилаҳо бояд дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гиранд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдор оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шашмоҳаи соли равон ҳисобот доданд. Дар баробари муаррифии дастовардҳо, масъулин ба ҳаллу фасли масъалаҳои ҳалталаб, аз ҷумла ташкили ҷойҳои нави корӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, таъмиру васеъ намудани роҳҳои мошингард, сохтмони иншооти ҷашнӣ мутобиқ ба талаботи замонавӣ, корҳои ободониву созандагӣ ва иҷрои босифати нақшаҳои андоз ҷалб карда шуданд. Супориш дода шуд, ки ҷиҳати коҳиши бақияи қарзи андоз, сари вақт ва бо сифати баланд ҷамъоварии он, дарёфти сарчашмаҳои нави андоз, ба фаъолият ворид намудани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Раиси вилояти Суғд зарурати боз ҳам ҷоннок намудани мулоқоту вохӯриҳо бо аҳолиро таъкид намуда, илова кард, ки мардуми вилоят супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, захираи маҳсулоти озуқаворӣ, тарбияи фарзандон ва таҳкими муносибатҳои оилавӣ хуб дарк намуда, бояд дар ин самт масъулияти бештар зоҳир намоянд.
Инчунин, таъкид гардид, ки ба масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ, бунёди инфрасохтори зарурӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, бунёди мактабу кӯдакистонҳо дар шаҳраку деҳот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва ҷамъоварии саривақтии ҳаққи истифодаи он, пешгирии хурофотпарастӣ ва риояи қонунгузорӣ таваҷҷуҳи бештар равона карда шавад.
Раиси вилоят иброз дошт, ки дар вилояти Суғд бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди беш аз 12 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 90 фоизи нақша иҷро гардида, дар иншооти боқимонда корҳо идома дорад.
Бо боварӣ таъкид гардид, ки бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самту соҳаҳо дастовардҳо рӯз аз рӯз афзун хоҳанд шуд ва мардуми меҳнатқарини вилояти Суғд ҷашнҳои фархундаи миллиро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва сипосгузорӣ аз фазои сулҳу субот ва озодиву ободии кишвар истиқбол хоҳанд гирифт.
Ҷаласаи фаъолони вилоят бо тарҳрезии нақшаҳои нав барои давраи минбаъда ба анҷом расид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




