Шиносоӣ бо сохтмони иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Хуҷанд

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ободу зебо гардида, корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза гирифтаанд.

Дар шаҳри Хуҷанд низ бо бунёди иншооти таъиноташон гуногун на танҳо симои шаҳр ободу замонавӣ мегардад, балки шароити зисту фаъолият ва таълиму тарбия низ беҳтар мешавад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва фароҳамсозии шароити мусоид сохтмони биноҳои иловагӣ дар гимназияи рақами 1 ва 4-и шаҳри Хуҷанд идома дорад. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз раванди сохтмони ин иншоот иброз дошт, ки бунёди муассисаҳои нави таълимӣ бо назардошти афзоиши аҳолӣ муҳиму саривақтӣ мебошад.

Иншооти мазкур бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва саҳми ширкатҳои сохтмонӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободонию бунёдкорӣ бунёд мегарданд. Тибқи лоиҳа, биноҳои иловагии гимназияҳо аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, имконият фароҳам меорад, ки беш аз 2500 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шаванд. 

Раиси вилоят саҳми ширкатҳои сохтмониро дар корҳои ободонию бунёдкорӣ назаррас арзёбӣ намуда, зикр кард, ки сохтмони мактабҳои наву кӯдакистонҳо дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ амалӣ мегардад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода инчунин аз ҷараёни сохтмони биноҳои наву замонавии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, Суди вилояти Суғд, маҷмааи варзишии "Суғд Арена", бинои истиқоматии баландошёна боздид ба амал оварда, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ба масъулин супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд