Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти соҳаи маориф идома дорад, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани онҳо то 20 ҳазор ҷойи нишаст фароҳам оварда мешавад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ ҷиҳати муҳайёнамоии шароити мусоиди таълим дар соҳаи маорифи шаҳри Истаравшан бомаром идома доранд.
Дар маҷмуъ, алҳол дар ҳудуди шаҳри Истаравшан сохтмони 23 иншооти гуногуни соҳаи маориф, ки наздик 20,000 ҷойи нишаст дорад, бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшан, соҳибкорон, аҳолӣ ва кумитаи падару модарон идома дорад.
Аз ҷумла, 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии нав, 4 бинои нави муассисаҳои таълимии фаъолиятдошта, 7 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, 4 синфхонаи иловагӣ, 2 кӯдакистон, 3 толори варзишӣ, 2 майдончаи варзишӣ ва дигар иншоотҳои ёрирасон мебошад.
Дар назар аст, ки аксари иншооти сохташаванда то соли нави таҳсил мавриди истифода қарор дода шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд