Pаиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода директори молиявии ширкати "БТК Групп"-и Федератсияи Россия Дмитрий Буряков ва ҳайати ҳамроҳони ӯро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози мулоқот Раиси вилоят меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, аз сатҳи баланди робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, бахусус вилояти Суғд бо минтақаҳои мухталифи он, ёдовар шуд.
Зикр гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин, муносибатҳои дуҷониба рӯз аз рӯз таҳким ёфта, ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ вусъат меёбад.
Раиси вилоят таъкид дошт, ки вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия робитаҳои тиҷоративу иқтисодии фаъол дошта, бо ҷалби сармояи мустақим ва муштарак як қатор корхонаҳои саноатӣ бунёд ва ба фаъолият оғоз кардаанд. Дар ҳамин замина, омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати густариши ҳамкориҳо, бахусус дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, изҳор гардид.
Ширкати "БТК Групп" айни замон дар ноҳияи Спитамен ба кишту парвариши пахта, коркарди он ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ машғул буда, маҳсулоти тайёрро тибқи фармоиш ба бозори Федератсияи Россия содирот менамояд. Ба иттилои роҳбарияти ширкат талабот ба маҳсулоти истеҳсолшаванда дар бозори Россия рӯ ба афзоиш буда, дар оянда ҳаҷми истеҳсолот ва содирот густариш хоҳад ёфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили марбут ба тақвияти фаъолияти ширкати мазкур дар ноҳияи Спитамен, афзоиши ҳосилнокии пахта, сари вақт ба истифода додани коргоҳи коркарди аввалияи пахта ва имконоти нави сармоягузорӣ табодули афкор намуданд.
Мулоқот дар руҳияи созанда баргузор гардида, бо баррасии дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ба анҷом расид
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд