Боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз раванди сохтмони иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ҷараёни сохтмони иншооти муҳим - бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ва бинои иловагии Гимназияи №1-и маркази вилоят боздид ба амал овард.

Бинои нави КИ ҲХДТ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар кӯчаи Камоли Хуҷандӣ бунёд мешавад.

Тибқи лоиҳа, бино аз таҳхона ва 7 ошёна иборат буда, дорои беш аз 90 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳҳои хурд барои то 40 нафар, китобхона, бойгонӣ ва ошхона хоҳад буд. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар таҳхона ба анҷом расида, марҳалаи навбатии бунёд идома дорад.

Раиси вилоят зимни боздид аз ҷараёни корҳо дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи босифат, дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо тарҳи меъмории миллӣ анҷом дода шаванд. 

Тавре зикр гардид, дар вилояти Суғд беш аз 194 ҳазору 892 нафар ва танҳо дар шаҳри Хуҷанд 25 ҳазору 704 нафар аъзои ҲХДТ мебошанд. Бунёди чунин маркази муосир заминаи мусоид барои густариши фаъолияти ҳизбӣ ва татбиқи ҳадафҳои созандаву мардумии он хоҳад буд.

Сипас, Раиси вилоят аз раванди сохтмони бинои иловагии Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд боздид ба амал овард. Ин бино аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо назардошти фарогирии 1400 нафар хонанда дар ду баст, то ҷашни 35-солагии Истиқлол мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби 5 ширкати сохтмонии маҳаллӣ амалӣ шуда, Раиси вилоят зимни боздид ҷиҳати истифодаи масолеҳи босифат ва риояи меъёрҳои сохтмонӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Раиси вилоят ҳамзамон сохтмони дигар иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва гузаргоҳи зеризаминӣ дар хиёбони Исмоили Сомониро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои идомаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд