Идомаи мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ

Зимни сафари корӣ ба водии Зарафшон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода нахуст ба ноҳияи Айнӣ ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардид.

Бо иштироки Раиси вилоят ба корҳои мумфаршкунии роҳи автомобилгард аз назди беморхонаи марказии ноҳия то деҳаи Сангистон расман оғоз бахшида шуд. Ин роҳ, ки деҳаҳои Сангистон, Зосун, Томин, Путхин ва дигар мавзеъҳои болооби дарёи Зарафшон, инчунин ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба ҳам мепайвандад, дар асоси сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, саҳми ширкати “Инновейтив Солюшинз ЛТД”, шарикони рушд ва сокинон бо харҷи умумии 7,5 миллион сомонӣ мумфарш карда мешавад.

Масофаи умумии роҳи навсозишаванда 6 километр буда, паҳноии он 8 метрро ташкил медиҳад. Қаблан ҳолати ин роҳ ташвишовар буд ва акнун орзуи деринаи сокинони минтақа ҷомаи амал мепӯшад. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин масир осон гардида, хароҷоти иловагӣ коҳиш меёбад.

Дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ Раиси вилоят бо сокинон мулоқот намуда, аз татбиқи ташаббуси мазкур изҳори қаноатмандӣ карда, масъулинро вазифадор намуд, ки корҳои мумфаршкуниро сари вақт ва бо сифати баланд анҷом диҳанд.

Ноҳияи Айнӣ, ки аз минтақаҳои кӯҳистонии кишвар ба шумор меравад, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд ёфта, сол ба сол бо бунёди роҳҳо ва дигар иншооти зарурӣ симои зебо касб мекунад. Тибқи нақша дар ояндаи наздик роҳи автомобилгарди Айнӣ–Кӯҳистони Мастчоҳ пурра таҷдид ва навсозӣ мегардад.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят ба шаҳри Панҷакент рафта, ба корҳои мумфаршкунии роҳи мошингард аз гардиши деҳаи Боғча то Ҷамоати деҳоти Шинг оғоз бахшид. Мумфаршкунии ин роҳ бо маблағгузории Идораи сохтмони асосии вилоят ва саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент амалӣ мешавад. Масофаи умумии роҳ 2400 метр буда, паҳноии он 5 метрро ташкил медиҳад.

Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон изҳор дошт, ки тибқи супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди роҳҳои замонавӣ, беҳтар намудани ҳаракати нақлиёт ва шароити зисти сокинон зери назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад.

Сокинони деҳаи Боғча ва ҷамоати Шинг бо изҳори қаноатмандӣ ба Пешвои миллат барои ҳалли ин мушкил миннатдорӣ баён намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар шаш моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд 101 километр роҳҳо пурра мумфарш, 465 километр таъмири ҷорӣ ва 438 километр роҳҳо шағалпӯш карда шудаанд. Айни замон корҳои навсозии роҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят муташаккилона идома дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд