
Бо фаро расидани мавсими гарми сол ва оғози таътили тобистона дар муассисаҳои таълимӣ, дар вилояти Суғд тамоми тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ба истироҳату фароғат фаро гирифтани наврасону кӯдакон амалӣ мегарданд. Имсол низ садҳо лагери наздимактабӣ ва беруназшаҳрӣ фаъол гардида, ҳазорҳо нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба истироҳат ҷалб карда мешаванд.
Яке аз калонтарин марказҳои истироҳатию солимгардонии вилоят – урдугоҳи ба номи «20-солагии Истиқлолият», ки дар масоҳати 5,8 гектар дар мавзеъи хушбоду ҳавои деҳоти Деҳмой ҷойгир аст, дорои 6 бинои хобу фароғат, ошхона, толори кино, маҷлисгоҳ, синфхонаҳои машғулиятгузаронӣ, майдончаҳои варзишӣ ва 3 ҳавзи шиноварӣ буда, имкони дар як баст қабул намудани то 360 нафар хонандаро дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо фаъолияти кунунии урдугоҳ аз наздик шинос шуда, бо наврасону ҷавонон мулоқоти самимӣ доир намуд.
Урдугоҳи мазкур бо роҳнамоиву дастуру супоришҳои Пешвои миллат таҷдиду навсозӣ гардида, ба талаботи замони муосир мутобиқ карда шудааст. Аз 20-уми июн фаъолияти мавсими тобистонаи соли 2025 оғоз гардида, дар басти аввал зиёда аз 200 нафар кӯдакону наврасон аз тамоми гӯшаву канори кишвар таътили худро дар ин макони хушманзараву бофароғат сипарӣ намуданд.
Айни замон дар урдугоҳ беш аз 10 мураббӣ бо наврасон кор бурда, 15 маҳфили гуногун — аз қабили рассомӣ, китобхонӣ, забономӯзӣ, компютер, ҳунарҳои мардумӣ, варзиш ва ғайра фаъолият доранд. Хонандагон тибқи шавқу завқи худ ба ин ё он маҳфил ҷалб шуда, дар озмуну мусобиқаҳои варзишӣ ва зеҳнӣ иштирок мекунанд. Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.
Масъулини Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо, тобистони соли ҷорӣ беш аз 75 ҳазор кӯдакону наврас ба лагерҳои гуногун — аз ҷумла 10 лагери беруназшаҳрӣ, 741 лагери рӯзонаи наздимактабӣ, 103 лагери истироҳатию меҳнатӣ ва 102 лагери варзишию беҳдоштӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар басти аввал наздик ба 2000 нафар наврасон ба истироҳат ҷалб гардида, дар маҷмӯъ дар панҷ баст зиёда аз 1800 нафар танҳо дар урдугоҳи ба номи «20-солагии Истиқлолият» таътили тобистонаи худро сипарӣ хоҳанд кард.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, инчунин кӯдакони ятиму бепарастор, хонандагони аълохон, ғолибони озмуну олимпиадаҳои сатҳи маҳалливу ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо роҳхатҳои ройгон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Танҳо дар мавсими соли 2025 беш аз 300 нафар чунин хонандагон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба лагерҳои вилоятӣ сафарбар мегарданд.
Таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба насли наврас нишони амиқи ғамхорӣ дар ҳаққи ояндасозони Ватан буда, муҳити солим ва шароити мусоиди фароғатии муҳайёшуда кафолати рушди маънавӣ, зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳо мебошад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




