Дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо иштироки фаъолон машварати корӣ баргузор гардид.
Дар оғоз Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода оид ба рушди устувори соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, татбиқи ташаббусҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят бояд ин санаи муқаддасро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд.
Раиси вилоят зимни натиҷагирӣ аз сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент таваҷҷуҳи масъулинро ба ҳалли масъалаҳои мубрам ҷалб намуда, зикр дошт, ки дар баробари талошҳои давлату Ҳукумат, саҳми соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ дар бунёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ободии диёр басо назаррас аст. Ӯ таъкид кард, ки ин раванд бояд тамоми ҷамоатҳои деҳоти шаҳрро фаро гирифта, то ҷашни 35-солагии Истиқлол тамоми деҳоти дурдаст низ ободу зебо гарданд.
Раиси шаҳри Панҷакент доир ба нақшаҳои созандагиву ободонӣ ба ифтихори ҷашнҳои миллӣ маълумоти муфассал дода, зикр намуд, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳр ба марҳилаи нави рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ворид гардида, шароити зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ дорад.
Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳри Панҷакент як қатор иншооти таъиноти гуногун бунёд шуда истодаанд, ки ин нишонаи таваҷҷуҳу ғамхории Ҳукумат нисбат ба деҳоти дурдаст мебошад.
Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр ва сохторҳои марбута супоришҳои мушаххас дода, истифодаи босамари захираҳои мавҷуда, аз ҷумла обу замин, кишти такрорӣ, рушди боғу токпарварӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, масъалаҳои таъмири роҳҳои мошингард, ҷалби соҳибкорон ба корҳои ободонӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, мактабу кӯдакистон ва иншооти варзишӣ аз мавзуъҳои муҳими ҷаласа буданд.
Раиси вилоят ба ташаббусҳои созандаи сокинону соҳибкорони Панҷакент баҳои баланд дода, изҳори умед намуд, ки чунин иқдомҳои ватандӯстона дар оянда низ идома меёбанд. Ӯ таъкид дошт, ки қадршиносии Истиқлолият ва Ваҳдат ҳамчун дастовардҳои бузурги миллӣ, саҳмгузорӣ дар рушди кишвар ва татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст аст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд