Тарабхонаи KFC дар Хуҷанд: Шароити замонавӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ

Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби брендҳои байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд сохтмони аввалин филиали шабакаи ҷаҳонии тарабхонаи зудхизматрасони KFC ҷараён дорад. 

Ин иншооти ҷашнӣ дар кӯчаи академикон Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳо, дар яке аз нуқтаҳои серодами шаҳр бунёд мешавад.

Тавре масъулон ба Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода маълумот доданд, масоҳати умумии иншоот 500 метри мураббаъ буда, дар корҳои сохтмонӣ зиёда аз 30 нафар сохтмончии маҳаллӣ ҷалб гардидаанд.

Бино аз ду ошёна иборат буда, дар он тамоми имконот фароҳам оварда мешавад ва технологияҳои муосири хизматрасонӣ ворид карда хоҳад шуд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот то 120 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Ҳамзамон, тарабхона қобилияти қабули то 350 нафар мизоҷ дар як вақтро хоҳад дошт.

Ин аввалин тарабхонаи KFC дар шаҳри Хуҷанд мебошад, ки дар пайи муваффақияти филиалҳои мавҷуда дар шаҳрҳои Душанбе (10 филиал) ва Ваҳдат (1 филиал) ифтитоҳ мегардад.

Дар тарабхонаи мазкур ба мизоҷон асосан хӯрокҳои зудпази омодашуда аз гӯшти мурғ бо маззаи хос пешкаш мегарданд, ки дар саросари ҷаҳон маъруфият доранд.

Сохтмони чунин иншооти замонавӣ дар маркази вилоят далели рушд ёфтани фазои сармоягузорӣ ва тадриҷан беҳтар шудани сатҳу сифати хизматрасонӣ мебошад. Ин иқдом, ҳамзамон, дар таъмини ҷойҳои нави корӣ ва рушди бахши хӯроквории муосир дар шаҳри Хуҷанд саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд