Дар Хуҷанд корҳои созандагӣ идома доранд

Бо мақсади истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву бунёдкорӣ рӯз то рӯз вусъати тоза мегиранд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои идона, дар маҷмӯъ бунёди 950 иншооти гуногун дар назар аст. То имрӯз 900 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, иҷрои нақша беш аз 94 фоизро ташкил медиҳад.

Бо дарназардошти афзоиши аҳолии шаҳр, сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна, иншооти маъмуриву хизматрасонӣ ва дигар муассисаҳои муҳими инфрасохторӣ, зарурати навсозии шабакаи обу ташноби хиёбони ба номи Раҳмон Набиев ба миён омад. Бо ин мақсад лоиҳаи сохтмони шабака ва пойгоҳи партовоббардори ин хиёбон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ ва масъулини соҳаи обу корез муаррифӣ гардид.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби ҶДММ “Муҳандисони ояндасоз” таҳия гардида, бо дастгирии молиявии ширкатҳои сохтмонии ватанӣ, ки дар хиёбони Раҳмон Набиев биноҳои баландошёна месозанд, амалӣ хоҳад шуд. Тибқи лоиҳа дарозии умумии қубурҳои шабакаи обу ташноб 2100 метрро ташкил дода, дар навсозӣ қубурҳои дорои қутри 800 мм истифода мегарданд. Ҳамзамон, дар кӯчаи Мақсудҷон Танбурӣ низ хобонидани ду қубур дар масофаи 400 метр ба нақша гирифта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби КВДК “Хуҷандобуканал” бо ҷалби ширкатҳои ватанӣ анҷом дода мешаванд. 

Раиси вилоят зимни боздид аз макони амалисозии лоиҳа, ба масъулин дастур доданд, ки ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ бо дарназардошти талаботи замони муосир таҳия шуда, корҳои сохтмонӣ дар муҳлатҳои муайян бо сифати баланд ба анҷом расонида шаванд.

Ин иқдомҳо бозгӯйи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти вилоят ба рушди инфрасохтори шаҳру ноҳияҳо ва таъмини шароити беҳтари зист барои сокинон мебошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд