Имрӯз дар маркази шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид, ки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз он боздид намуд.
Дар ярмарка кишоварзон ва соҳибкорони ватанӣ маҳсулоти тару тоза ва дорои сифати баландро ба сокинон пешниҳод карданд.
Раиси вилоят зимни боздид аз растаҳои гуногун бо сокинон ва фурӯшандагон суҳбат намуда, таъкид дошт, ки баргузор намудани чунин ярмаркаҳо дар беҳтар кардани вазъи иҷтимоии мардум ва дастгирии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ нақши муҳим мебозанд.
Маҳсулоти пешниҳодшуда — аз ҷумла сабзавоту меваҳои мавсимӣ, маҳсулоти полезӣ, гӯшт, шир, тухм ва дигар анвои маводи хӯрокворӣ — бо нархҳои нисбатан арзон ва дастрас ба фурӯш бароварда шуданд. Сокинон аз фаровонӣ ва арзонии маҳсулот изҳори қаноатмандӣ намуда, баргузории ярмаркаро иқдоми саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ карданд.
Зимни боздид, Раиси вилоят ба масъулин супориш дод, ки чунин ярмаркаҳо мунтазам роҳандозӣ гардида, барои таъмини фаровонии бозор ва танзими нархи маҳсулот тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд