Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои нассоҷӣ дар шаҳри Хуҷанд

Дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи саноат аҳамияти махсус зоҳир мегардад. Бо истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, хусусан маҳсулоти содиротӣ, пайваста афзоиш ёфта истодааст.

23 май Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сатн» шинос шуда, аз саҳми ин корхонаи бузурги нассоҷӣ дар рушди соҳа изҳори қаноатмандӣ намуд.

ҶДММ «Сатн», ки дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ аз Ҷумҳурии Италия фаъолият мекунад, ашёи хоми ватанӣ – пахтаро коркард намуда, ба маҳсулоти тайёр табдил медиҳад. Корхона аз чанд сех — ресандагӣ, бофандагӣ, рангубор, коркарди матоъ, дӯзандагӣ, шустушӯӣ ва дарзмолкунӣ иборат буда, тамоми марҳилаҳои истеҳсолот бо назорати қатъии сифат амалӣ мегарданд.

Ба гуфтаи масъулин дар чор моҳи аввали соли 2025 зиёда аз 299 000 дона маҳсулот содирот гардидааст. Ҳамзамон, садҳо нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъминанд. 

Дар идомаи боздид Раиси вилоят фаъолияти яке аз корхонаҳои пешсафи соҳаи нассоҷӣ — ҶДММ «Ҷавонӣ» -ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. 

Корхонаи «Ҷавонӣ» имрӯз ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ — сару либоси мардона, занона ва кӯдакона машғул буда, тамоми раванд бо навтарин таҷҳизоти муосир таъмин шудааст. Ашёи хоми ватанӣ — пахта пурра дар худи корхона то ба марҳилаи ниҳоӣ коркард мешавад. Ба таъкиди масъулин дар корхона 750 нафар корманд дар се баст фаъолият доранд ва шароити хуби меҳнатӣ муҳайёст.

Дар 4 моҳи соли ҷорӣ корхона ба маблағи беш аз 34 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, 95–98 дарсади маҳсулот ба кишварҳои хориҷа, аз ҷумла Хорватия, Италия ва Федератсияи Россия содирот мегардад. Аз ҳисоби бақияи маҳсулоти соли 2024 ва истеҳсоли имсола дар маҷмуъ, ба маблағи 36,7 миллион сомонӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот шудааст.

Корхонаи “Ҷавонӣ” бо истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир тавонист Тоҷикистонро дар бозорҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд. Таъмини сифат, истифодаи технологияҳои навин ва тарбияи мутахассисони ҷавон аз самтҳои муҳими фаъолияти он ба ҳисоб меравад.

Дар анҷом Раиси вилоят барои боз ҳам афзун намудани ҳаҷми истеҳсол, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими иқтидори содиротии соҳаи саноат ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд