Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Истаравшан

Ба истиқболи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Истаравшан корҳои ободониву созандагӣ бо суръат идома доранд. Тибқи нақшаи тасдиқгардида, дар ин шаҳр бунёд, таъмир ва навсозии 990 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба роҳ монда шуда, то имрӯз 664 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

14 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ иштирок намуда, онҳоро расман мавриди истифода қарор доданд. Аз ҷумла, маркази хизматрасонии “Ром ойл”, ки бо ташаббуси соҳибкори ватандӯст Муҳаммадҷон Қобилов сохта шудааст, ба истифода дода шуд. Дар ин марказ хизматрасонии таъмиру шустани нақлиёт ба роҳ монда шуда, ҳамзамон маҳсулоти ватанӣ низ ба фурӯш гузошта мешавад.

Ба иттилои соҳибмулк равғанҳои молиданӣ ва моеи антифриз, ки барои воситаҳои нақлиёт заруранд, дар корхонаи “Кайҳонавард”, ки ба соҳибкор Қобилов тааллуқ дорад, истеҳсол мешаванд. 

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кайҳонавард” нақша дорад фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшида, ҳаҷми истеҳсоли равғанҳои молиданӣ ва дигар маҳсулоти техникиро афзоиш диҳад. Айни ҳол, дар шаҳри Истаравшан ду корхонаи истеҳсолӣ - “Кайҳонавард” ва “Кӯли Сарез” ба истеҳсоли моеи антифриз машғуланд, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо ин намуди маҳсулот саҳми арзанда мегузоранд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз иншооти ҷашнӣ таъкид дошт, ки тамоми корҳои созандагӣ самараи Истиқлоли давлатӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. 

Сипас, бо иштироки Раиси вилоят маркази хизматрасонии “Сомон бренд” низ расман мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин марказ, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ аст, либосҳои мардона, кӯдакона, пойафзол ва дигар молу маҳсулоти рӯзгор ба харидорон пешниҳод мешаванд.

Ифтитоҳи чунин марказҳои савдо ва хизматрасонӣ шаҳодати равшани иштироки фаъолонаи соҳибкорон дар раванди ободонии шаҳр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат ба рушди иқтисоди маҳаллӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд