9 майи соли 2025 дар майдони шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, воқеъ дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд 80-солагии Рӯзи Ғалаба бошукӯҳ таҷлил гардид.
Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони байналмилалӣ, иштирокчиёни садамаи Чернобил ва барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сардорони қисми низомӣ, собиқадорони хизмати дохилӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, иштирокчиёни "Эстафетаи Ғалаба", кормандони ташкилоту идораҳо ва ҷавонону фаъолон иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни ироаи номаи табрикотӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кулли мардуми вилоятро бо ин санаи таърихӣ — Рӯзи Ғалаба табрик намуда, таъкид кард, ки ин рӯз дар таърихи башарият ҳамчун рамзи ватандӯстӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва далериву шуҷоат боқӣ хоҳад монд.
Раҷаббой Аҳмадзода бо иқтибос аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон яке аз фоҷиабортарин воқеаҳои таърихӣ буда, дар он беш аз 300 ҳазор фарзандони Тоҷикистон бо ҷоннисорӣ ва фидокорӣ барои озодии башарият ҷангиданд. Аз ҷумла, 92 ҳазор нафар ҷон бохтанд ва 54 тан, аз ҷумла 15 нафар фарзандони Суғд, бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гаштанд. Корнамоиҳои ҷанговарон дар таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд.
Раиси вилоят илова намуд, ки ба муносибати 80-солагии Рӯзи Ғалаба аз буҷаи вилоят маблағҳои зарурӣ ҷудо шуда, ба ҳар иштирокчии ҷанг 15 ҳазор сомонӣ ва ба ҳар иштирокчии ақибгоҳ 8 ҳазор сомонӣ кӯмаки яквақтаина дода шуд. Инчунин, кӯмакҳои моддӣ аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорони саховатманд низ расонида шуданд.
Дар интиҳои суханронии худ Раҷаббой Аҳмадзода тамоми иштирокчиёнро ба муносибати 80-солагии Рӯзи Ғалаба табрик намуда, ба онҳо сиҳатмандӣ, рӯҳу илҳоми баланд ва рӯзгори ободу осуда таманно намуд.
Сипас, гузашти ҳарбӣ сурат гирифта, дар охир бар пояи муҷассамаи шаҳидони ҶБВ гулҳои тару тоза гузошта, хотираи қурбониёнро пос дошта шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд