7 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо рафти корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара корҳои созандагиву ободонӣ бо саҳми мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони ватандӯст бо маром идома доранд. Бунёди иншооти таъиноти гуногун дар ин минтақа пеш аз ҳама ба беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ иқдому ташаббусҳои сокинон ва соҳибкоронро натиҷаи татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.
Бар асоси нақша, соли ҷорӣ дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ 14 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба истифода дода мешаванд. Аз ҷумла, дар маркази ҷамоат бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони ватандӯст майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешавад. Иншооти мазкур дар масоҳати 0,20 га ҳамчун рамзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ сохта мешавад. Аксари корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ ба анҷом расонида шудаанд.
Ҳамзамон, дар назди майдон марказҳои муосири хизматрасонӣ бунёд гардида истодааст, ки аз таҳхона ва ду ошёна иборат мебошанд. Дар онҳо сехҳои пойафзолдӯзӣ, қаннодӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ, ошхона, маркази дандонпизишкӣ ва толори тӯйбароӣ фаъолият хоҳанд кард. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур даҳҳо сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши шоиста таъмин мегарданд.
Дар паҳлуи иншоот, сохтмони маркази тиббии хусусӣ идома дорад, ки баъди ба истифода додан, бо табибони ихтисосҳои гуногун – дандонпизишкӣ, амрози занона ва педиатрия – ба аҳолӣ хизмат мерасонад. Дар ошёнаи якуми он ҳуҷраи ултрасадо, озмоишгоҳ, утоқи муоинаи табиб ва ошхона сохта мешавад.
Роҳбари вилоят ҳамчунин бо ҷараёни сохтмони бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар маҳаллаи Таги Боғи ҷамоат шинос шуда, барои бо сифати баланд ва сари вақт анҷом додани корҳо ба масъулон дастурҳои мушаххас дод.
Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бунёду навсозии як қатор муассисаҳои таълимӣ низ идома дорад. Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ сохтмони ду бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 79 пеш меравад. Яке аз биноҳо иборат аз ду ошёна пурра сохта шуда, сохтмони бинои дуюм оғоз гардидааст. Ин мактаб барои таҳсили 480 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.
Илова бар ин, сохтмони кӯдакистони хусусӣ барои 120 кӯдак дар 5 гурӯҳ ҷараён дорад. Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо сохтмони иншоотҳои соҳаи маориф барои таъмини мактаб бо тахтаҳои электронӣ, компютер ва дигар лавозимоти таълимӣ дастурҳои зарурӣ дод.
Айни ҳол дар шаҳри Исфара 89 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 43 035 хонанда фаъолият дошта, ба онҳо 2828 омӯзгори соҳибтаҷриба сабақ медиҳанд. Дар шаҳр ҳамчунин 32 кӯдакистон фаъолият менамояд.
Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ дар минтақа як толори варзишии болопӯшида сохта шуда, ба истифода дода мешавад.
Дар ин мавзеъ бунёди гармхона ва сардхона низ дар назар аст, ки он имконият медиҳад сокинон дар тамоми фаслҳои сол бо маҳсулоти тару тоза таъмин бошанд.
Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бунёду ба истифода додани 935 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар маркази шаҳр сохтмони як маркази муосири савдо ва хизматрасонӣ бо нуқтаи шустушӯи нақлиёт, маркази савдо, нуқтаҳои фурӯши хӯрокҳои зудпаз, маркази дилхушии кӯдакон ва таваққуфгоҳ идома дорад. Иншоот аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бунёд шуда, фармоишгари он ҶДММ «Бозори Ориён», лоиҳакаш ҶДММ «Тоҷмаҳал-2010» ва пудратчии он ҶДММ «Контакт Интернейшнел Исфара» мебошад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани он беш аз 40 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд.
Дар доираи сафар роҳбари вилоят ҳамзамон як қатор собиқадорони меҳнат ва беморонро аёдат карда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд