Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд аз ҳоли собиқадорони ҷангу меҳнат хабар гирифт.
Раиси вилоят бо Қутфинисо Раҳмонова, Самия Азизова, Маҷид Ширинов, Фотима Шукурова ва Баҳриддин Ахмедов аз наздик суҳбат ороста, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон гардид.
Номбаршудагон бо заҳмату фидокориҳои худ дар рушди иҷтимоии мамлакат ва тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоштаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки давлату Ҳукумат ҳамеша хизматҳои фарзандони шуҷоу ватандӯстро қадр менамояд. Ғамхориҳои роҳбарияти кишвар дар самти дастгирии собиқадорон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо далели равшани ин гуфтаҳо мебошад.
Дар охир ба ҳар як собиқадор туҳфаҳо ва кӯмакҳои моддӣ супорида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд