Дар ноҳияи Айнӣ боғҳои интенсивӣ бунёд мешавад

Дар ноҳияи Айнӣ ба рушди соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, аз ҷониби сокинону соҳибкорон боғҳои интенсивӣ бунёд гардида истодааст.

Чуноне зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, бо мақсади баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ дар ноҳия бунёди боғҳои интенсивӣ ба роҳ монда шуда, ба истифодаи оқилонаи замин ва васеъ намудани майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ диққати махсус дода мешавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда бояд майдони боғҳои интенсивӣ боз ҳам васеъ карда шавад. Амалисозии чунин иқдомҳо ба самаранок истифода шудани замин ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят аз ҳоли собиқадорони меҳнат Зоҳирҷон Зокиров ва Насриддин Сироҷиддинов хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Аснои суҳбат бо собиқадорон таъкид шуд, ки дастгирии доимии насли калонсол шаҳодати равшани ғамхории пайвастаи роҳбарияти олии кишвар мебошад. Яъне давлат хизмати онҳоеро, ки барои пешрафти ҷомеа ҳисса гузоштаанд, ҳамеша қадр менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд