Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ идома дорад.
Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти бунёди муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ дар маҳалҳои гуногуни ноҳия шинос гардид.
Дар шаҳраки Зарафшон сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37 оғоз шудааст. Фармоишгари иншоот Корхонаи фаръии “Шахтаи Фон-Яғноб” буда, айни ҳол корҳо аз ҷониби пудратчиён ҷараён дорад.
Дар деҳаи Сангистон бошад, сохтмони муассисаи томактабӣ ва маркази фарҳангию фароғатӣ идома дорад. Дар марказ туйхона, коргоҳи истеҳсолӣ, чойхона ҷойгир карда мешавад. Амалишавии чунин тадбирҳо барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳшавии шароити зиндагӣ дар деҳоти дурдаст мусоидат мекунад.
Бинои кӯдакистони нав аз ду ошёна иборат буда, 120 кӯдак дар чор гурӯҳ фаро гирифта мешавад.
Ҳамзамон дар шаҳраки Зарафшон бо маблағгузории мақомоти маҳаллӣ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 32 сохта мешавад. Корҳои сохтмонӣ ба уҳдаи ҶДММ “Анас муосир” вогузор гардида, мактаб бо тамоми шароити муосири таълиму тарбия барои 600 хонанда пешбинӣ шудааст. Дар ҳудуди муассиса инчунин майдони варзишӣ низ бунёд хоҳад шуд.
Дар идомаи корҳои ободонӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ гулгашти нав ба номи Шоири халқии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ бунёд мегардад.
Аснои шиносоӣ бо ҷараёни корҳо Раиси вилоят таъкид намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ арҷгузорӣ ба шахсиятҳои барҷаста — фарзандони фарзонаи миллат самти муҳими сиёсати фарҳангии давлат мебошад. Устод Гулназар Келдӣ бо каломи пурмазмуну таъсиргузори худ дар тарбияи маънавии ҷомеа ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстии мардум нақши бузург гузоштаанд.
Тазаккур дода шуд, ки ҳамаи ин тадбирҳо далели равшани ғамхории давлату Ҳукумат нисбат ба рушди соҳаи маорифу фарҳанг, беҳбудии сатҳи зиндагии мардум ва таъмин намудани дастрасии бештари сокинон ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ мебошанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд